|
ЛАТИФАҲО
ЛАТИФАҲО
ГАНЧИНА:
Майзадае шаб ба хона баргашта дар паси дар хобаш мебарад. Саҳарӣ ҳамсараш ба кор рафтанӣ мешаваду мехоҳад дарро кушояд. Азбаски шавҳараш дар паси дар хобида буд, баромада наметавонад ва шавҳарашро бедор мекунад.
Шавҳари масташ чашмонашро кушода занашро мебинад ва мегӯяд:
- Шаб дар куҷо будӣ? Аз куҷое, ки омадӣ, ба ҳамон ҷо рав. Халал нарасон. Мон, ман хоб равам.
________________________
Писар аз падар мепурсад:
-Падарҷон, рӯзи бо модарам вохӯрданатонро дар ёд доред?
-Бале, писарҷон. Дар ёд дорам, ҷавоб медиҳад падар.
- Кадом рӯз аст? Боз мепурсад писар.
- Рӯзи нобарор, ҷавоб медиҳад падар.
_______________________
Марди масте ба милиса занг зада мегӯяд:
- Зудтар оед, Чанбараки мошини маро дуздидаанд.
Пас аз чанде марди маст боз занг мезанаду мегӯяд:
- Наоед. Ман ба нишастгоҳи қафои мошинам нишастаам.
_______________
Дар беморхона:
Духтур ба назди марде, ки ҷарроҳӣ шудааст медарояду мегӯяд:
- Бахшиши зиёд, дирӯз ман ҳангоми ҷарроҳӣ намудани шумо дар даруни шикаматон дастпӯшакҳоямро фаромӯш кардаам. Лозим мешавад, ки боз шуморо як бори дигар ҷарроҳӣ кунам.
Бемор ҷавоб медиҳад:
- Ташвиш накашед. Беҳтараш ман ба шумо пули дастпӯшакҳоятонро медиҳам. Раведу навашро харед.
______________________
Зане ба духтур муроҷиат карда мегӯяд:
-Вақтҳои охир ба писарам чизе шудааст. Рӯзи дароз дар назди хона нишаста қумбозӣ мекунад.
- Ҳеҷ гап не, шумо ташвиш нашавед. Ҳамаи писарбачаҳо дар ин синну сол қумбозӣ мекунанд, мегӯяд духтур.
- Ман-ку ташвиш намешавам, лекин занаш мумкин аз хона баромада равад, мегӯяд зан.
____________________
Занги телефони ба радио:
-Ассалому алейкум! Ман имруз аз бозор ҳамёне ёфтам, дарунаш 200$, 1200 сомони ва шиноснома ба номи Сангов Саид аст. Аз Шумо хоҳиш дорам барои у ягон мусиқии шух монед.
________________
-Мардак бас кун бурутҳотро ранг кардан
-Чи магар маълум аст?
-Дар ту нею, аммо гардани сафеди котибаат дируз сиёҳ буд.
______________________
Ду духтар дар тарабхона нишаста арақ менушиданд. Яке ба дигар муроҷиат карда мегуяд:
- Ҳо ана вай ду занаки ожангзадаро мебинӣ? Даҳ сол пас мо ҳам ба онҳо монанд мешавем.
- Ту чӣ девона шудаи охир вай оина аст!
________________
Духтури дандон ба қабулгоҳ баромада, асаби шуда ин тарафу он тараф рафтуо мекунад.
-Чи шуд бемори вазнин аст? – мепурсад ҳамшира
- Ҳа мизоҷон серпулу, аммо ҳамаи дандонҳояш сипа-сиҳат.
______________________
- Дар оилаи ман ҳама ба гапи занам амал мекунанд, мегӯяд марде.
- Ту чӣ наметавонӣ ба ин кор хотима диҳӣ? Мепурсанд аз ӯ.
- Чаро наметавонам? Метавонам. Шумо фикр намекунед, барои чӣ дар зери чашмам сиёҳӣ пайдо шудааст? ҷавоб медиҳад мард.
___________________
Аз сӯҳбати ду мард:
- Ту ба ҷои ман чӣ кор мекардӣ? Шаш духтар дораму ягон домод не, мегӯяд марди аввал.
- Ин дарди ба хайр. Ман бошам як духтар дораму шаш домод. Ту ба ҷои ман чӣ кор мекардӣ? Ҷавоб медиҳад марди дуюм.
___________________________
Назди таваллудхона. Ҳамшираи шавқат дугоникро бароварда ба мард мегуяд:
-Шумо натарсидед, ки соҳиби ин қадар фарзанд шудед?
-Не чаро тарсам.
-Набошад инҳояшро доред, ман барои дутои дигараш равам.
_______________________
Зан ба шавҳараш мегуяд:
-мардакҷон имшаб хоб дидам, ки ту ба ман ангуштарини калони алмосдор туҳфа карди, ин чи маъно дошта бошад?
- бегоҳ мегуям ҷонакам, гуфта мард занашро мебусад.
Зан аз хурсанди дар куртааш намеғунҷад бо фикри он ки бегоҳ шавҳараш ба у туҳфа меорад. У бегоҳ дастурхонро бо хуроки беҳтарин ороста шавҳарашро интизор мешавад. Бегоҳ мард дар даст қутти ба хона меояд. Зан бо хурсанди қуттиро кушода даруни он китоби «Тадбири хоб» меёбад.
Дар бемористон сӯхтор сар зад. Мошинаҳои сӯхторнишони омада сӯхторро хомӯш карданд. Баъд ба назди сардухтур омада ҳисобот медиҳанд.
- Се кас қариб қурбони шавад. Дар таҳхона ёфтем. Ду касро таъҷилан ёри расонда ба худ овардем, аммо сеюмаш афсус…
Сардухтур аз ҳуш меравад, ӯро ба худ оварда мепурсанд: – Чи шуд?
- бачаҳо охир он ҷо МОРГ буд.
_________________________
Ана ин хела вирус пеш ман надоштам! – гуфт домод вақте, ки назди компютер хушдоманро дид.
__________________________
Робия чи хел бо шавҳарат зиндаги доред? Аз ҳам ҷудо дар ҳар хона хобед.
- Ҳеҷ гап не, агар ӯ маро хоҳад , ҳуштак мекашад.
- Агар ту хоҳи чи?
- Ман рафта мепурсам, «Ту ҳуштак кашиди ҷонакам?»
____________________________
Робия чи хел бо шавҳарат зиндаги доред? Аз ҳам ҷудо дар ҳар хона хобед.
- Ҳеҷ гап не, агар ӯ маро хоҳад , ҳуштак мекашад.
- Агар ту хоҳи чи?
- Ман рафта мепурсам, «Ту ҳуштак кашиди ҷонакам?»
____________________________
Мард ба китобхона омада мегӯяд:
- Бубахшед! Ман аз Шумо дирӯз китоб гирифтам бо номи «Чи тавр 1 миллион пул метавон кор кард», аммо нисфи саҳифаҳо нестанд.
- Хайр чи! Ним миллион ҳам бад нест.
_________________________________
Модар писарчаашро аз боғчаи кӯдакон, ки ҷашни солинави доштанд, гирифта мепурсад:
- писаракам чаро ҳамаи рӯят харошидагӣ?
- гирди арчаи калон даст ба даст тоб хӯрдем, аммо кӯдакон кам буданд.
__________________________
Зане дугонаашро дар сари кӯча диду бо дили нохоҳам гуфт:
-Канӣ ба хона гузаред як чой нӯшем.
Дугонааш дар ҷавоб гуфт:
-Не ҳоло вақт надорам ягон рӯзи дигар.
-Ҳамин не гуфтанҳои шумо ба гӯшам бисёр мефорад- да дугона.
______________________
Корманди тамаъкоре ба назди сардор даромада гуфт:
-Хӯҷаин, имшаб хоб дидам, ки шумо ба ман раҳматнома ва мукофоти пулӣ додаед.
Сардор гуфт:
-Раҳматномаро нигаҳ дору пулро ба муассиса баргардон, ки алҳол мо ба он сахт эҳтиёҷ дорем.
_______________________
Сардор як нафар корманди муассисаро назди худ даъват карда гуфт, ки аз болои ӯ ариза афтод, дар ариза гуфта шудааст, ки ӯ чанд зан дорад.
-Ин тӯҳматро кӣ навиштааст?- гуфта ғавғо бардошт корманди муассиса.
-Занатон,- ҷавоб дод сардор.
-Кадомаш?-пурсида монд ӯ беихтиёр.
___________________________
Аз як марди коргурез пурсиданд:
-Айб нест, ки шумо соли дароз кор накарда, аз музди меҳнати занатон рӯз мегузаронед?
Марди коргурез гуфт:
-Парвардигор ризқи мани бечораро дар пешонаи занам навишта бошад, гуноҳи ман чӣ?
________________________
Чи ќадар ваќт боз асабҳои маро вайрон мекунед?
Ман ба Шумо даҳ бор шуд мегуям, ки мо кефир-пефир надорем ин љо маѓозаи сохтумони аст.
- майлаш, майлаш … А ќаймоќ надоред?
__________________________________
Марди дорое ба ширкати сохтумони омада фармоиш медиҳад, ки хонаро даврашакл созанд, тамоман даврашакл.
- барои чи? Дар ҳайрат монда мепурсанд роҳбари ширкат.
- ба ќариби хушдоманам гуфт, ки – Наход дар хонаи нав ба ман як кунљак ҳам ёфт нашавад.
___________________________
Барои чи ба хонаи ту рафтан мумкин нест, ту худат гуфти, ки дарҳои ман барои ту ҳама ваќт кушода.
- ҳа ҳамин хел-у, лекин он ваќте, ки ту даруни хона бошї.
________________________________
Коркуни БДА ронандаеро манъ мекунад. Шумо ќонуни бехатариро вайрон кардед.
- ҳа дуруст, шояд имруз бахшед, чунки имруз зодруз дорам.
Нозир ба ҳуљљатҳо нигоҳ карда, мебинад дар ҳаќиќат рузи таваллудаш будааст.
-Табрик мекунам ва метавонам бубахшам, аммо бегоҳ мехоҳам, ки барои саломатиатон нушам.
___________________________
- Аз шумо 50 сомони љарима.
- Барои чи?
- Барои он ки дар љое, ки мумин нест моҳи медоред.
- Ман моҳи намедорам ман, танҳо кирмро оббози кунонда истодаам.
- Ку кирмро ба ман нишон диҳед. Ҳа! Аз Шумо 100 сомони љарима!
- Инаш боз барои чи?
- Кирматон бе либоси шиновари аст.
_______________________________
- Ту чаро зан намегирї?
- љуфти худро намеёбам. - як то баси намекунад, ки љуфт – љуфт мекобї?
______________________________
Шумо чи кор мекунед, агар миллион доллар ёбед?
- ҳељ кор
- барои чи?
- Чи кор кунам боз!?
_____________________________
Дар теппае подабоне рост истодааст. Дар назди подабон рама мечарад. Ногаҳон телефони мобилии подабон занг мезанад. Ў телефонро ба гушаш наздик мекунад. Ҳамаи пода сӯи ӯ мегардад. Подабон бо ифтихори баланд сӯи пода нигоҳ карда мегӯяд: – ин маро мепурсад.
_____________________________
Аз пурхӯре пурсиданд:
-Ба кадом шоир меҳр дорӣ?
Гуфт:
-Ба Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ.
-Ба хотири чӣ?
Гуфт:
-Ба хотири як байти ӯ. Ва он байтро бо шавқи тамом замзама кард:
Кӯҳ бувад наволаам, баҳр бувад пиёлаам,
Ҳар ду ҷаҳон чу луқмаест дар васати даҳони ман.
_______________________________________
Ту дар назди директор ваъда дода будӣ, ки дигар дар вақти кор арақ наменӯшӣ. Боз кайфат таранг-ку!
-Парво накун, дӯстам. Бо директор ҳамроҳ нӯшидем!
_________________________________________
Марде худро куштанӣ шуда худро ба дарахти лаби дарё овехт, шохи дарахт шикаст ва ӯ ба дарё афтод. Бо сад машаққат аз дарё баромада худ ба худ гуфт:
-Тавба! Худро омӯхтани шуда қариб ғарқ шуда мурда будаме.
Майпарасте одати худро таъриф карда гуфт:
-Агар ба инсон барои парастиши май ёдгорӣ гузоранд, аввал ба ман ҳайкал мебардоранд.
Гуфтанд:
-Ба майпараст илоҷи ҳайкал мондан нест.
Пурсид:
-Барои чӣ?
Гуфтанд:
-Барои он ки рост намеистад!
_____________________________________________
Марде ба боғе даромада дид, ки боғ пур аз дарахтҳои мева, хурсанд шуда, ба худ гуфт:
-Мардум марҳамат кунед: ана гелоси сара, ана себи нозанин, ана ноки мулоим, ана ангури ширин…
Соҳиби боғ пайдо шуду як шапалоқ ба рӯи ӯ фаровард…
-Ана шапалоқи обдор, гуфт мард.
_____________________________________________
-Хезед мардак ба хона дузд даромад.
Мард аз ҷояш наҷунбида гуфт:
-Э, парво накун, Худо гӯй, ки аз хонаи мо ягон чиз ёбад, агар ёбад, аз дасташ кашида гирифтан осон.
_____________________________________________
Чанд сол аст, ки сигор мекашӣ?
-Чил сол.
-Ин хел бошад, чаро ҳамаи ин муддат худат сигор намехарию аз ину он металабӣ?
-Метарсам, ки сигоркашӣ ба ман одат шуда намонад!
Ба хонаи марде дузд даромад.Занаш ӯро бедор карда гуфт:
_____________________________________________
Олиме рӯи миз китоб паҳн карда, машғули навиштан буд. Писарчааш пешаш омада дид, ки падараш китобҳоро варақ зада, чизе менависад.
-Дада, чи менависед?- гуфта пурсид.
-Китоб,- ҷавоб дод, олим.
-Китоба аз рӯи китоб менависанд-мӣ?- боз пурсид бача.
-Ҳа, писарам, -гуфт олим, – аз одам одам мерӯяду аз китоб китоб.
_____________________________________________
Зан дуҷон буд. Шавҳраш ҳазломез гуфт:
-Хайр, завҷаи мӯҳтарама, ин дафъа духтарча таваллуд мекардагистед?
Писарчаи сесолаашон, ки гуфтугӯи онҳоро гӯш мекард, ба модараш илтиҷо карда гуфт:
-Модарҷон ин дафъа мошинча таваллуд кунед.
_____________________________________________
Падар вақти мактабравии писараш пурсид:
-Писарам ба ту пули коғази диҳам ё танга?
-Дадаҷон, тангаро ба коғазӣ печонда диҳед, гум намешавад, – гуфт, писарак.
_____________________________________________
Муҳиддинро як ошнои хасисаш ба меҳмони хабар карда, ба пешаш нону асал бароварда монд ва барои ин, ки Муҳиддин ҳамаи асалро хӯрда тамом накунад, аз нарху наво гап сар кард:
- Баҳои асал ҳам бисёр баланд шудааст. Як қадоқаш ба даҳ танга афтид…
Муҳиддин мақсади соҳибхонаро пай бурда, ҷавоб дод:
-Парво накунед, ман коре мекунам, ки асал ба шумо ба нисфи баҳояш, яъне қадоқаш ба панҷ танга афтад.
Соҳибхона:
-Чи тавр? – гуфта пурсид.
Муҳиддин гуфт:- Як бурда нонро хушк мехӯраму як бурдаи дигарро боа сал.
________________________________________
Мард зани деҳотӣ гирифта, ӯро ба шаҳр меорад. Рӯзе дид, ки унитаз дар ҳоҷатхона баъди баромадани занаш ифлос мондааст. Гуфт:
-Занак, дар ҳоҷатхона шёткаи гирдак ҳаст. Аз он истифода бар. Аммо рӯзи дигар ӯ боз мебинад, ки унитаз ифлос мондааст. Қарор медиҳад боз ба зан хотиррасон кунад, ки унитазро бо шётка тоза кардан лозим:
-Занак, аз шётка истифода бурданро фаромӯш накардӣ?
Зан:
-Нею лекин… Мумкин манн пештара барин аз коғази ташноб истифода бара-а-ам?
___________________________________
Ота, фонарик канӣ?
-Фонарика чӣ кор мекунӣ?
-Свидания мерам!
-Эҳ, бачам, манн дар синну соли ту свидания бе фонарик мерафтам!
Бача очаашро нишон медиҳад:
-Дидестам, дар торикӣ киро интихоб кардӣ!
________________________________________
Писараки хурдсол дар хона ҳар сӯ давида, китобҳоро аз ҷевон ба поён мепартояд, либосҳоро титу курсиҳоро чаппа мекунад.
Бибияш давида меояд:
Ту чи кор карда истодаӣ?!
-Бозӣ.
-Чӣ хел бозӣ?!
-Бозии «Занак, калиди мошини ман канӣ?!»
____________________________________
Ду дугона сӯҳбат мекунанд:
-Дирӯз бо як мард мулоқот доштам. М-м-м!!! Мард анна ин хел бояд бӯса кунад! Анна ҳунару мана ҳунар!
-Вай кӣ будааст?
-Инро ман ба ягон каси дигар нагуфта, девона шудаам, ки ба занаш мегӯям?!
______________________________________________
Оча, ман ақламро аз кӣ мерос гирифтаам –аз шумо ё аз падарам?
-Аниқ аз падарат. Ақли ман дар ҷояш.
____________________________
Ду дугонаи соддафеъл рафта истодаанд. Яке оинача меёбаду ба он нигариста мегӯяд:
-Ин рӯй ба назарам шинос метобад.
Оиначаро аз дасти ӯ дугонааш мегирад.
-Девона ин ман-ку!
____________________________
Марди амрикоӣ лоф мезанад:
-Зани ман химча барин борик!
Марди фаронсавӣҳам таъриф мекунад:
-Зани ман хас барин сабук!
Марди тоҷик сар меҷунбонад:
-Ин занҳои шуморо то хаскашак ба даст нагирӣ, ёфтан наметавонӣ!
___________________________________
Дар автобус кампире ба ҷавон рӯ оварда гуфт:
-Хоҳиш мекунам,ҷоятро ба ман деҳ, пойҳоям дард мекунанд.
-Шумо дар ҷавониатон ҷоятонро ба дигарон медодед?
-Набошад чӣ?
-Ана барои ҳамин ҳозир пойҳоятон дард мекунанд,- ҷавоб дод ҷавон.
_________________________________
Нафаре як коса лағмон харида дид, ки дар коса магас шино мекунад.
Сарошпазро ҷеғ зада гуфт:
-Ин чӣ гап? Ба деги ошатон магасҳо ҳамла овардаанд магар?!
Гуфт:
-Хасисӣ накунед. Як магас чӣқадар лағмон мехӯрад?!
____________________________________
Профессори мӯйсафед имтиҳон мегирифт. Донишҷӯе, ки пеш аз ҳама имтиҳонсупорӣ даромад, ба ҷои ҷавоб ба саволҳо аз харобии ҳолаш шикоят карда, оби дида рехт. Раҳми профессор омаду ба дафтарчаи имтиҳони ӯ баҳои «аъло» гузошт. Донишҷӯ воқеаро ба рафиқонаш гуфт. Рафиқонаш як-як даромада, гиря карда, баҳои «аъло» гирифта баромадан гирифтанд.
Декани факултет аз воқеа хабар ёфта, омада ба профессор фаҳмонд, ки ба донишҷӯён мувофиқи ҷавобашон баҳо монад. Профессор қабул кард ва ба донишҷӯи навбатӣ, ки аз вазнинии аҳволаш шикоят карда, оби дида мерехт, гуфт:
-Азизам, ман ба шумо баҳои «аъло» монда наметавонам: декан хабар дод, ки нормаи баҳои «аъло» тамом шудааст.
______________________________________
Аз арабидоне пурсиданд:
-Шӯрбои гармро ба арабӣ чӣ меноманд?
Гуфт:
-Сахун.
Гуфтанд:
-Шӯрбои сардро чӣ меноманд?
Гуфт:
-Арабҳо ҳаргиз намегузоранд, ки шӯрбо сард шавад, ба ин сабаб ба шӯрбои сард ном ихтироъ накардаанд.
__________________________________
Навбатчии милиса ба масте эрод гирифт:
-Ҳа боз ба ҳушёрхона омадӣ?
-Ман худ наомадаам, маро кашола карда оварданд, – гуфт ӯ.
___________________________________
Масте дар кӯча меистод. Пурсиданд, ки чаро ин ҷо истодаасту ба хонааш намеравад.
Гуфт:
-Намебинед, тамоми шаҳр гирди ман чарх мезанад, интизорам, ки хонам пешам ояд ва бе ҳеҷ заҳмате ба он дохил шавам.
__________________________________
Зане дар лаби наҳр нишаста каллаю почаи гӯсфандро тоза мекард, ки об дамиду калларо бурд. Вай як қабза алафро аз лаби ҷӯй канда:
-Беҳ,беҳ,беҳ гӯён лаблаби наҳр давид. Ин ҳолро дугонааш дида гуфт:
-Ту магар ақл надорӣ, вай калла бе пой аз об чӣ хел мебарояд?
-Э, мани нодон, ақлам нарасидааст гуфта, чор пои гӯсфандро ҳам ба об партофт.
_____________________________________
Зан ба шавҳараш гуфт:
-Ҳар шаб хуррок кашида хобама мепарронед.
-Ин гапат дурӯғ,- гуфт мард,- он рӯз ҳамин хел гуфтӣ, хоби шабама ҳаром карда, то рӯза гӯш додам, аз даҳонам садое набаромад.
___________________________________
Навқаламе барои фаҳмидани мулоҳизаи редаксия дар бораи достони худ ба идораи маҷалла рафт ва аз ходими маҷалла пурсид:
-Мудири шӯъба достони маро хондаанд?
Ходими маҷалла нигоҳе ба зери мизи мудири шӯъба андохту гуфт:
-На, нахондаанд.
-Шумо инро аниқ медонед?-пурсид навқалам.
-Аниқ, – сабади зери мизашон холӣ, – гуфт ходими идора.
_______________________________________________
Фирӯзаи хурдсол аз падараш пурсид:
-Дадаҷон, шумо номи модарамро намедонед?
-Медонам, чаро мепурсӣ?
-Ин хел бошад, барои чӣ бо вай гап заданӣ шавед, номи маро гирифта Фирӯза мегӯед!
______________________________________
Пирдухтар давида ба хона даромада, дарро маҳкам карду паси он нафас рост карда истод.
-Чӣ шуд ба ту?-пурсид модараш.
-Давидам!
-Барои чӣ?
-Як ҷавон мехост маро бӯсад!
-Хайр, чӣ хел, гурехт ё қапидӣ?
___________________________________
Дӯсти азизам, ман ба шумо ҳамдардӣ баён мекунам!
Чӣ воқеа шуд?
-Дирӯз зани ман пӯстини гаронқиммат харид!
-Ин ба ман чӣ дахл дорад?
-Гап дар сари он, ки пагоҳ зани ман зани шуморо хабаргирӣ меравад.
_______________________________________________
Падар духтарчаашро ба боғи ҳайвонот бурд
Духтарча товусро дида шодикунон гуфт:
-Дада, дада нигоҳ кунед, мурғ гул кардааст.
________________________________________
Модар ду ҳафта дар сафари хидматӣ буд. Ҳангоми бозгашт ба хона вай аз писарчааш мепурсад:
-Вақте ки ман дар хона набудам, падарат ғамгин буд?
-Аввалҳо хеле хурсанд буд, лекин ду рӯз пеш аз омадани ту бисёр ғамгин метофт.
______________________________________________________________
Духтар:
-Муаллим, ман барои шумо ҳар кореро хоҳед, мекунам. Фақат баҳоямро монед.
Муаллим:
-Шумо дар ҳақиқат барои баҳо ба ҳама кор тайёред?
-Ҳа!
-Ба ҳама кор-а?
-Ҳа! Ҳа охир!
Ин хел бошад, рафта ба имтиҳон тайёрӣ дида баъд биоед!
Сегодня были уже 15286 посетителей (25239 хитов) здесь!
|
|